Шӯрои МН лоиҳаи қонуни аҳзоби сиёсиро матраҳ кард
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ „Ховар, Марзия Саидзода).-Дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур 13 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Аъзои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва „Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» — ро муҳокиа намуданд. Инчунин Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






