Ярмаркаи вилоятии ҷойҳои корӣ дар Хуҷанд

Апрель 8, 2015 11:04

Хуҷанд, 07.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз, 7-апрели соли ҷорӣ дар майдони Регистони бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ярмаркаи вилоятии ҷойҳои корӣ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ Ховар сармутахассиси  Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Наим Дадобоев иттилоъ дод, дар ярмарка зиёда 123 намояндаи ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуда, ба корҷӯён 1683 ҷойи корӣ пешниҳод намуданд. 
Дар ярмарка 900 нафар шаҳрванди корҷӯй иштирок намуд, ки дар умум ба 98 нафар шаҳрванд барои бо ҷойи кор таъмин гардидан роҳхат дода шуда, 32 нафар ба муассиссаҳои таълимии низоми агентӣ ҷалб шуд. 
Бояд гуфт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят алъон 50 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуда, зиёда аз 196 нафар корҷӯй аз тариқи ярмаркаҳо бо кори доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 441 нафар шаҳрванд ба касбомӯзӣ ва 113 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд. 
 

Апрель 8, 2015 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад