Муаррифии таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Брюссел
Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ “Ховар”). — 6 майи соли 2015 дар шаҳри Брюссел намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев дар вохӯрии чоруми намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба дипломатияи боздоранда ва миёнаравӣ сухан гуфт.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони ҳамкории исломӣ барпо гардид.
Сафири Тоҷикистон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар ҳолати низоъҳои дохилидавлатӣ муаррифӣ намуд. Аҳамияти байналмилалии он махсусан таъкид шуд. Зикр гардид, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири барқарорсозии сулҳу субот эътироф шудааст. Ӯ иброз дошт, ки дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ бевосита ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.
Иштирокдорони чорабинӣ дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, зарурати омӯзишу истифодаи таҷрибаи беназири дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими сулҳомези муноқишаҳои маҳаллӣ таъкид карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






