Истифодаи ҳисобнома- фактураҳои ААИ танҳо дар шакли электронӣ ба роҳ монда мешавад
Душанбе, 30.06.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шурӯъ аз фардо, 1 июли соли 2015 дар Тоҷикистон истифодаи ҳисобнома -фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда танҳо дар шакли электронӣ ба роҳ монда мешавад. Дар иртибот ба истифодаи шакли электронии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда истифодаи шакли коғазии он манъ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки тибқи муқаррароти моддаи 51-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ”, фармони раиси Кумитаи андоз аз 26 январи соли 2013 тасдиқ шудааст, ки тибқи он дар мақомоти андози кишвар тартиби қабули эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






