Танаффус дар миёни дастаҳои лигаи олии кишвар

Июнь 30, 2015 03:13

Душанбе 30.06.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шурӯъ аз дирӯз, 29-юми июн байни дастаҳои лигаи олии кишвар танаффус эълон гардид.
Бино ба иттилои ФФТ, баъди анҷоми марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ як моҳ танаффус эълон шудааст.
Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-и пойтахт дар бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуда, ғолиби марҳалаи аввали сабқати лигаи олӣ гардид. Дар бозии дигари даври 9-ум дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ бар тими “Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғолиб омада, бо 20 имтиёз мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа устувор намуд.
Дар зинаи сеюми ҷадвал дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо 16 имтиёз қарор дорад.

Июнь 30, 2015 03:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар