Ҷалби муовинони вазири мудофиа ва фармондеҳони Қувваҳои мусаллаҳ ба омӯзиш
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз аввали моҳи июл даври дуюми омӯзиш дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он на танҳо афсарону сарбозони қисму воҳидҳои низомӣ, балки муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, сардорони Раёсату хадамоти алоҳидаи дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, зертобеони онҳо ва дар маҷмӯъ, хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, барои фанҳои дақиқи низомӣ тамоми синфхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ бо асбобҳои аёнии дарсӣ ва дигар дастгоҳу лавозимоти омӯзишӣ муҷаҳҳазанд.
Барои баргузории машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ, ки мувофиқи нақша аз рӯи мавзӯъҳои омодагии ҷангӣ, тактикию тирандозӣ, муҳандисию оташфишонӣ, рондани техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, дарсҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва маълумот бардоштан аз авзои сиёсии дохиливу бурунмарзӣ мегузаранд, афсарони пуртаҷриба вобаста мегарданд.
Дар анҷоми машғулиятҳо доир ба натиҷаи таълим ва дониши андӯхта аз хизматчиёни ҳарбӣ санҷиш гирифта мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






