Ҷалби муовинони вазири мудофиа ва фармондеҳони Қувваҳои мусаллаҳ ба омӯзиш

Июль 15, 2015 05:01

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз  аввали моҳи июл даври дуюми омӯзиш дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он  на танҳо афсарону сарбозони қисму воҳидҳои низомӣ, балки муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, сардорони Раёсату хадамоти алоҳидаи дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, зертобеони онҳо ва дар маҷмӯъ, хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб  мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, барои  фанҳои дақиқи низомӣ тамоми синфхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ бо асбобҳои аёнии дарсӣ ва дигар дастгоҳу лавозимоти омӯзишӣ муҷаҳҳазанд.
Барои баргузории машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ, ки  мувофиқи нақша аз рӯи мавзӯъҳои омодагии ҷангӣ, тактикию тирандозӣ, муҳандисию оташфишонӣ, рондани техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, дарсҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва маълумот бардоштан аз авзои сиёсии дохиливу бурунмарзӣ мегузаранд, афсарони пуртаҷриба вобаста мегарданд.
Дар  анҷоми машғулиятҳо доир ба натиҷаи таълим ва дониши андӯхта аз  хизматчиёни ҳарбӣ санҷиш гирифта мешавад.  

Июль 15, 2015 05:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид