Дастур барои мутахассисони марказҳои матбуотӣ ва робита бо ҷомеа

Июль 8, 2015 05:08

Душанбе, 08.07.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Нашриёти «Пойтахт» дастури таълимии дотсент, мудири кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбуддин Мухториро таҳти унвони «Хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа» аз нашр баровард. Дастури таълимии мазкур, ки барои донишҷӯёни ихтисоси иттилоот ва робита бо ҷомеа, журналистика, дипломатия пешбинӣ шудааст, мухтасаран аз таърихи пайдоиши хадамоти матбуотӣ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, низом ва тарзи кори марказҳои матбуотӣ ва котибони матбуотӣ маълумот медиҳад. Инчунин дар ин китоб усул ва роҳҳои ҳамкории масъулони матбуотӣ бо намояндагони ВАО ва ҷомеа дарҷ гардидааст.
Ба ақидаи муаллифи дастурамал Қутбуддин Мухторӣ, соҳаи иттилоот давра ба давра ба яке аз объектҳои муҳими  идораи давлатӣ табдил ёфта, танзими дурусти он вазифаи муҳим мегардад. Моҳияти асосии идораи давлатии ин соҳаро сиёсати давлатии иттилоотӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, фаъолияти хадамоти матбуотиро мо ҳамчун тадбиқи сиёсати давлатии иттилоотонӣ бояд баррасӣ намоем.
Бо назардошти ин, барои   мутахассисони  ояндаи   иртибот  бо ҷомеа донистани ҳам назария ва ҳам амалия ниҳоят  муҳим аст. 
Дар дастури таълимӣ усулҳои маъмултарини ташкил ва танзими фаъолияти хадамоти матбуотӣ дар идораҳои давлатӣ  оварда  шудаанд.

 

 

 

 

Июль 8, 2015 05:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад