Таъсиси ситод оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Бразилия-2016

Июль 24, 2015 07:02

Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 -Рио Де Жанейро аз ҳисоби масъулини кумита, кумитаи миллии олимпӣ ва мутахассисони соҳа Ситоди корӣ таъсис ёфтааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ду ҷаласаи он гузаронида шуд. Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар нишасти хабарӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи Абдуллозода, дар ҷаласаҳо ҳисоботи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба корҳои  анҷомдодашуда дар самти омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016  Рио Де Жанейро, ҳисоботи Кумитаи миллии олимпӣ вобаста ба ин бозиҳо, гузоришҳои раисони федератсияи дзюдои  Тоҷикистон ва раиси Федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба бозиҳои мазкур шунида  шуданд. Ҳамчунин озмуни либоси ягонаи миллии варзишӣ, ки соли сипаришуда эълон шуда буд, натиҷагирӣ шуд. 
-Дар доираи ин омодагиҳо ба 15 варзишгари умедбахш барномаҳои махсуси омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 Рио Де Жанейрои Бразилия пешниҳод гардида, маблағгузории онҳо аз ҳисоби кумита, Кумитаи миллии олимпӣ ба роҳ монда шуд,- иброз дошт раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Ёдрас мешавем, ки варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 Рио Де Жанейрои Бразилияро ба даст овард

Июль 24, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад