«Тоҷикаэронавигатсия» ба 125 ширкати ҳавопаймоӣ хизмат мерасонад
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 125 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ хизмат мерасонад, ки аз он 17-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 108-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои ғайридоимӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Иброҳим Ҷобиров ироа намуд. Бино ба гуфтаи И. Ҷобиров барои иҷрои парвозҳо аэродромҳои кишварамон 60 навъ киштии ҳавопаймоиро истифода мебаранд.
Бо мақсади нигаҳдошти сатҳу татбиқи муваффақонаи нақшаҳои истеҳсолӣ як зумра тадбирҳои зарурӣ, аз қабили маҷмўи корҳои омодагӣ барои кор дар давраи баҳору тобистон, таълими фаннии ҳайати шахсӣ, муҳокимаи ҳолати мухталиф аз ҷониби ҳайати роҳбарону кормандон, хизматрасонии фаннии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, санҷиши мавҷудият ва тамдиди муҳлати шаҳодатномаҳои коршоямӣ ва иҷозати ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радионурафкан, истихбори хатҳои алоқавии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ ва дигар тадбирҳои марбут ба баланд бардоштани омодагии ҳаматарафаи корхона татбиқ гардиданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






