Тоҷикистон хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармоя бо Ҳиндустон аст

Июль 13, 2015 08:31

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳояш бо Ҳиндустон дар соҳаи ҷалби сармояҳо мебошад», — — ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотӣ пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон баён дошт. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба пайгирона густариш меёбад». 
Президенти Тоҷикистон бори дигар дўстони ҳиндустонии худро мутмаин сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Ҳиндустон самимона манфиатдору алоқаманд буда, дар пешбурди ин самти муҳими фаъолияти байнидавлатиаш саъю эҳтимоми худро дареғнахоҳад дошт. «Мо комилан омодаи он ҳастем, ки ҷиҳати истифодаи пурсамари имконоти бузурги ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ созем», — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки: «Мо омодаем, ки фаъолияти сармоягузорони Ҳиндустонро дар ин бахш, аз ҷумла дар заминаи кори чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, минбаъд низ пуштибонӣ намоем».

 

Июль 13, 2015 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад