Вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар ба рухсатӣ баромаданд
Душанбе, 01.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шурӯъ аз 1 июл мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд. Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки рухсатии меҳнатии вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар якуним моҳ идома меёбад.
15 август вакилон ба фаъолият шурӯъ намуда, лоиҳаи қонунҳоеро, ки барои хулоса ба Парлумони кишвар пешниҳод гардидаанд, меомӯзанд. Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 1 октябри соли равон оғоз мегардад.
Мавриди зикр аст, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, дар он 6 ҳизби сиёсии кишвар -Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон намоянда дорад. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол интихоб мегарданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






