Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Август 25, 2015 06:07

Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ  дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар ташкил гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Раёсати АНМН назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳр, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳия ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии он, зиёд шудани миқдори беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 
Дар охир масъулин ба хулоса омаданд, ки бояд ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо матбуот қавитар гардида, озмуни “Мақолаи беҳтарин” барои навиштани маводи пажӯҳишӣ дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шавад.

Август 25, 2015 06:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад