Ҷамъоварии ҳосили ғалладона

Август 7, 2015 04:51

Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Имрўзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладона муташаккилона идома дарад. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки то 04-уми августи соли равон майдони 256349 гектари он даравида шудааст.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд, ҳосили 248815 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22222 гектар афзунтар аст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо миқдори 692755 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55348,5 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,8 сентнериро ташкил медиҳад.
Миқдори комбайнҳои ғалладарав дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладона то санаи мазкур 989 ададро ташкил медиҳад, ки дар айни замон 245 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Август 7, 2015 04:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар