Авбошӣ дар боғи «Дӯстии халқҳо»
Душанбе 24.08.2015, (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи мамлакат 22-юми августи соли равон гурӯҳи ҷавонон дар боғи «Дӯстии халқҳо» тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, аз сари авбошӣ сокини 25 солаи шаҳри Душанберо латукӯб карда, сипас бо корд ба қафаси синааш зарба заданд ва аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ сокинони пойтахт-ҷавонони 22, 24, 30 сола мебошанд, дар миёни онҳо ҳамчунин навраси 16 сола низ будааст. Яке аз ҳамлагарон қаблан бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Ҷавонони авбош боздошт шуданд, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки ҷабрдида бар асари ҳамлаи авбошон зарари ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






