Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам, Алмазбек Шаршенович,
Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, ки Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.
Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни кишварҳоямон, ки дорои таърихи бисёрасра ҳастанд, дар оянда низ ба манфиатҳои халқҳоямон инкишоф ва таҳким меёбанд.
Тоҷикистон омода аст робитаҳои зичу асоснокро, ки бо принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод асос ёфтаанд, бо Қирғизистон роҳандозӣ намуда, ният дорад барои густариши устувор ва динамикии ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду ҷониб тамоми корҳои заруриро анҷом диҳад.
Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои минбаъда орзу намуда, ба халқи бародари қирғиз – тамоми хушиву шукуфоиро таманно дорам».








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






