Боз 17 ҷангии Толибон маҳв гардид
Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи Қайсари шимоли музофоти Форёби Афғонистон бар асари даргириҳои дохилии ҷангиёни Толибон 11 нафар кушта шуд.
Бино ба иттилои роҳбарияти ҳарбии маҳаллӣ, бархӯрд байни дастаҳои Мулло Ҳафизуллоҳ ва Мулло Абдул Самад ба миён омад. Ин ихтилоф пас аз иваз шудани роҳбарияти Толибон ва эътирофи далели марги Мулло Умар сар зад.
Ёдовар мешавем, ки хабари фавти Мулло Умар боиси шиддат гирифтани муборизаи сиёсӣ дар сафи Толибон гардида, ихтилофи дохилии онро дучанд кард.
Бино ба иттилои оҷонсии «Пажвок», дар ҳудуди минтақаи мазкур боз 6 ҷангии Толибон дар натиҷаи таркиши мина, ки онро мехостанд дар сари роҳ насб кунанд, ба ҳалокат расидаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






