Боздиди муовини Сарвазир аз корҳои барқарорсозӣ дар Мурғоб
Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар»).-Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим рўзҳои 26-27-уми августи соли равон дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон бо рафти корҳои барқарорсозии иншооти бар асари офатҳои табиӣ харобгардида шинос шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят офатҳои табиӣ ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид намуда, ба иншооти гуногун, аз ҷумла 12 манзили истиқоматӣ зарар расонида буд. Ҳоло барқарорсозии иншооти зарардида, аз ҷумла манзилҳои истиқоматӣ бо суръат идома дошта, лоиҳаи бунёди ин манзилҳо бо назардошти шароит ва иқлими маҳал таҳрезӣ шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои мусоидат ба раванди бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи аҳолии зарардида бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қарор дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






