Боздиди муовини Сарвазир аз корҳои барқарорсозӣ дар Мурғоб

Август 27, 2015 06:13

Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар»).-Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим рўзҳои 26-27-уми августи соли равон дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон бо  рафти корҳои барқарорсозии  иншооти  бар асари офатҳои табиӣ харобгардида шинос шуд.
Дар  ноҳияи Мурғоб низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят офатҳои  табиӣ ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид намуда, ба иншооти гуногун, аз ҷумла 12 манзили истиқоматӣ зарар расонида буд. Ҳоло барқарорсозии иншооти зарардида, аз ҷумла манзилҳои истиқоматӣ бо суръат идома дошта, лоиҳаи бунёди ин манзилҳо бо назардошти шароит ва иқлими маҳал таҳрезӣ шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои  мусоидат  ба  раванди  бартарафсозии  оқибати офатҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи аҳолии зарардида  бо  сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қарор дорад.

 

Август 27, 2015 06:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард