Гурӯҳҳои кинологӣ дар сарҳад фаъол мегарданд
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар амалиёти безараргардонии нуқтаҳои марзии кишвар, гурӯҳҳои кинологии фаврии сарҳадбонон фаъол буда, бо таҷрибаи андӯхта дар чунин ҳодисаҳо дар ҳама гуна вазъият маҳорати баланди касбиву соҳавӣ нишон медиҳанд. Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ин навъи фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз бахшҳои муҳими хизмати ҳарбӣ марбут ба соҳаи сагшиносӣ ба шумор меравал. Мақсад аз бароҳмондани он ҳамчун фаъолияти фаврӣ, дар таъмини амнияти давлату миллат пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар дар ҷомеа мебошад.
Афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус масъулини хадамоти кинологии сарҳадбонон ҳамчун муҳофизони корозмуда ва боэътимоди хати сарҳад кори низомии хешро дар ин самт бо ром кардан ва омӯзонидану омода намудани сагҳои хизматӣ баҳри иҷрои вазифаҳои муҳими ҳарбӣ ба роҳ мондаанд.
Кинологҳои Қушӯнҳои сарҳадии Амнияти миллии кишвар дар назорат ва ҳифзи марзҳои давлатӣ нақши хоса доранд. Сагҳои хизматии онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи кинологӣ махсус омӯзонида шуда, онҳо барои ҷустуҷӯйи ашхоси сарҳадшикан, дарёфти асбобу лавозимоти шубҳаовар, муайяну пешгирӣ намудани иззи пойи одамону ҳайвонот, посбонӣ ва дар дигар самтҳои дахлдор истифода мегарданд.
Барои мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ, табодули таҷрибаомӯзӣ аз якдигар ва бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбиву соҳавӣ, марказҳои кинологии сохторҳои низомии мамлакат бо сагҳои хизматии хеш дар баргузории машқу тамринҳои ҳарбии омӯзишӣ, ки бештари вақт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ баргузор мегарданд, пайваста иштирок намуда, фаъолияти назаррас нишон медиҳанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






