Иди Асалу сайри Харбуза дар Кӯлоб

Август 24, 2015 04:36

 Кӯлоб 24,08,2015(АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Рӯзи 22-юми августи соли равон бо ибтикори вилояти Хатлон ва раёсати кишоварзии вилоят дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб иди Асал ва сайри Харбуза доир гардид, ки дар он асалпарварон ва кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Ба иттилои раёсати кишоварзии вилоят давоми панҷ соли охир шумораи занбӯриасалпарварон 8 баробар ва  истеҳсоли асали аълосифат ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ 10 баробар зиёд шудааст, ки аз ин ҳисоб содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар назаррас аст. 
Баъди пурра аз назар гузаронидани намоишгоҳ ҳайати тадорукот ва ҳакамон ғолибони озмуни иди Асал ва сайри Харбузаро муайян намуда, ба онҳо туҳфаҳои таъсиснамудаи ҳукумати вилояти Хатлонро тақдим карданд.
 Хамин тариқ, ҷой аввал насиби занбӯриасалпарварони ноҳияи Данғара, ҷои дуюмро занбӯриасалпарварони ноҳияи Фархор, ҷои сеюмро занбӯриасалпарварони ноҳияи Ховалинг сазовор гардиданд. Дар бахши ҳарбуза бошад ҷои аввалро полезикорони ноҳияи Ёвон, ҷои дуюм- ноҳияи Восеъ ва ҷои сеюмро кишоварзони ноҳияи Вахш ишғол намуданд. Инчунин аз ҷониби Ҳукумати вилояти Хатлон ба беҳтарин занбӯриасалпарварон ва полезикорон туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.  

 

Август 24, 2015 04:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад