Камерун: Ҷангиёни «Боко Ҳаром» зиёда аз 100 нафарро рабуданд
Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Боко Ҳаром» зиёда аз 100 нафарро дар ҷараёни ҳамла ба деҳаи Чакармари шимоли Камерун рабудаанд. Дар ин бора манбаъ аз сохторҳои низомӣ хабар дод.
Бино ба маълумоти ҳукуматдорони Камерун, ифротгароён инчунин ҳашт нафар аз аҳолии маҳаллиро кушта, ба Нигерия гурехтаанд.
Ҳафтаи гузашта, президентҳои Нигерия ва Камерун Муҳаммаду Бухари ва Пол Бийя барои таҳкими ҳамкории амниятӣ дар марзи муштарак бо мақсади мубориза бо «Боко Ҳаром» ба созиш омаданд. Раҳбарони ҳарду кишвар ваъда доданд, ки ба хотири мухолифат кардан бо мусаллаҳони ифротгаро, табодули иттилооти иктишофиро миёни хадамоти махсус фаъол мегардонанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






