Оғози мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ ва бозомӯзии доварон

Август 3, 2015 06:49

Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Кумитаи миллии олимпӣ барои доварон ва масъулини Федератсияи таэквандо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати дурӯза баргузор кард. 
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар,мақсад аз баргузор намудани семинар-машварати мазкур баланд бардоштани сатҳи касбии доварон, омодасозии онҳо ба мусобиқаҳои умумиҷумҳуриявиву байналмилалӣ ва шиносоӣ бо қоидаҳои нави ҷаҳонии доварӣ мебошад. 
Ёдрас мешавем, ки семинар-машварати мазкур дар доираи давраи бозомӯзии ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши шаҳри Душанбе доир мегардад. Мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо ВТФ рӯзи якуми август дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа оғоз гардид.

 

Август 3, 2015 06:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд