Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот

Август 25, 2015 06:08

Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар картошка кишта гузаронида шудааст. То 21 августи соли равон  майдони 7167 гектари он ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1903 гектар афзунтар аст. 
То имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 153897 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42339 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214,7 сентнериро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 сентнерӣ зиёд мебошад. 
Соли 2015 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар кишти сабзавот коштанд, ки то имрўз майдони 19790 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3085 гектар афзунтар аст. То 21 август дар ҷумҳурӣ ба миқдори 483305 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса 97318 тонна бештар аз соли гузашта буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 244,2 сентнериро такшил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 13,2 сентнерӣ зиёд аст.

 

Август 25, 2015 06:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар