«Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон»- мизи мудаввар дар минтақаи Кӯлоб

Август 24, 2015 06:05

Кӯлоб, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- «Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон»,- таҳти чунин унвон рӯзи 22-юми августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар  доир гардид.
 Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ахтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими аньана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон  Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода ва донишҷӯёну  ҷавонони шаҳри Кӯлоб иштирок  намуданд. 
Масъулин мақсад аз баргузории мизи мудавварро баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо арзёбӣ карда, зикр доштанд, ки  таҳдидҳо метавонанд ба ҳаёти ҷавонон таъсири амиқ дошта бошанд. 
Ба гуфтаи масъулин гурӯҳҳои манфиатхоҳ  ҳамеша аз нерӯи ҷавонон истифода бурда онҳоро ба ақидаҳои ғаразноки худ фирефта мекунанд. Аз ин рӯ онҳо рисолати ҷавононро дар ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид карданд, ки ҷавонон рисолати давлатсозиву давлатдориро бар дӯш доранд. Аз ин рӯ  усули «ҳамсол ба ҳамсол»-ро барои тарбияи ҷавонон ҳам муҳим арзёбӣ гардид.
Ёдрас мешавем, ки чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар минтақаи Кӯлоб идома доранд.

 

Август 24, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд