Зоирони тоҷикро ба Арабистони Саъудӣ «Сомон -Эйр» ва «Flynas» мебаранд
Душанбе, 27.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сафари гурӯҳи аввалини зоирони тоҷик ба Маккаи мукаррама 29 августи соли равон тавасути ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии ватанӣ- «Сомон Эйр» сурат мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Масъулини Кумитаи дин афзуданд, ки соли равон сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, ки нияти зиёрати Каъбаро доранд, тавассути ҳавопаймоҳои ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон «Сомон -Эйр» ва ширкати ҳавопаймоии Саудӣ «Flynas» ҷараён мегирад. Хароҷоти маросими ҳаҷ дар соли равон барои ҳар як нафар шаҳрванди кишвар 22 ҳазору 906 сомонию 98 дирамро ташкил дода, маблағи чиптаи тайёра-рафтану омадан, меҳмонхона, суғуртаи тиббӣ, ғизо, қурбонӣ, либоси ягона, инчунин хаққи хизмати роҳбаландон ва гурӯҳҳои корӣ, ки ба он табибон низ шомиланд, аз ҳамин ҳисоб пардохт карда мешавад. Либоси ягона ва борхалтаи зоирони тоҷик бошад аз сӯи чеварони ширкати дӯзандагии «Ёқут- 2000» омода карда шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






