1 миллиард сомонӣ барои ободу зебо гардонидани Ҳисор

Сентябрь 22, 2015 05:21

Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Пешбинӣ шудааст, ки барои барқарорсозии ёдгориву иншооти таърихӣ ва бунёди иншооти гуногун ва ба ин васила боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи таърихии Ватанамон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ кариб 1 миллиард сомонӣ равона мегардад», — ин нуктаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор зикр намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки ҳоло дар ноҳияи Ҳисор ба истиқболи ҷашни 3000 — солагии Ҳисори бостонӣ танҳо тавассути Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бо харҷи беш аз 190 миллион сомонӣ як қатор иншооти муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳи марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, азнавсозии қалъаи Ҳисор, сохтмону барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва чандин иншооти дигар ба анҷом расида истодааст. 
То имрӯз аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ даҳҳо иншоот ба маблағи умумии кариб 200 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, бунёди даҳҳо иншооти дигар, аз ҷумла чойхонаи миллӣ, боғи фарҳангу фароғат, корхонаву коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, толору майдонҳои варзишӣ, марказҳои тандурустиву хизматрасонӣ ва монанди инҳо ба маблағи 320 миллион сомонӣ босуръат идома дорад, ки 55 адади онҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд.

 

Сентябрь 22, 2015 05:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад