Дастгир шудани се ҷинояткори гурӯҳи ҳоҷӣ Ҳалим
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»). Тавре ки аз ВКД иттилоъ доданд, субҳи имрӯз боз се нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи сокинони шаҳри Ваҳдат дастгир гардида, ба дасти мақомот супорида шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти муштараки сохторҳои қудратии мамлакат бар зидди гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим, ки шаби 4-уми сентябр ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона содир карда, инчунин бо истифода аз мансаби ишғолкарда силоҳу муҳимоти ҷангиро рабуда буд, то имрӯз 35 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир ва 13 нафари онҳо безарар гардонида шуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар рафти амалиёти муштараки сохторҳои низомӣ ва қудратӣ зиёда аз 500 адад яроқу аслиҳа дарёфт ва мусодира шудааст.
Ҳоло вазъият дар шаҳри Ваҳдат ором ва таҳти назорат буда, амалиёт барои дастгир кардани ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ идома дорад








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






