Фархор: Ёрии ҶДММ «Зиёратшоҳ» ба хоҷагиҳо
Фархор, 22.09.2015 (АМИТ « Ховар», Сулаймон Холов).-Дар минтақаи Кӯлоб қабули пахта аз тарафи корхонаҳои коркарди пахта бомаром ҷараён дошта, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосили ба дастовардаи худро ба корхонаҳо ворид сохта, бо пули нақд ва чигити тухмӣ таъмин мегарданд.
Дар ин самт корхонаи ҶДММ «Зиёратшоҳ»-и ноҳияи Фархор фаъол буда, то ин замон аз хоҷагиҳо 3500 тонна ашёи хом қабул карда, ба коркарди он шурӯъ намудаанд.
Ба иттилои директори тиҷоратии корхона Тоҳир Каримов, корхонаи мазкур дар ду баст фаъолият дошта, дар он 210 нафар бо ҷои кор таъмин шудааст. Ҳамчунин корхона бо зиёда аз 600 хоҷагии деҳқонӣ шартнома дорад, ки аз тариқи ҳамин шартномаҳо фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Гуфта мешавад дар дохили корхона сехҳои матоъбофӣ ва равғанбарорӣ низ ба фаъолият шурӯъ кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






