Ифтитоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Худи ҳамин рӯз дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро расман ифтитоҳ намуд.
Дар саҳни ҳавлӣ Сарвари давлатро хонандагони хуштолеъ бо суруду шеърҳо дар васфи Ватан ва пешвои халқ истиқбол гирифтанд.
Фармоишгар — Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои боҳашамат моҳи майи соли 2014 оғоз гардид.
Барои бунёди мактаби президентӣ бо 640 ҷой беш аз 60 миллион сомонӣ маблағ сарф шуд.
Дар назди мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, 1 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 36 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон бунёд шудааст.
Пеш аз шиносоӣ бо шароити таълим дар Мактаби Президентӣ Сарвари Давлат ба як қатор омӯзгорон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби президентӣ аз як бинои се ошёнаи таълимӣ иборат буда, дорои 43 синфхонаю кабинетҳои фаннӣ, 7 озмоишгоҳ ва дигар шароити мусоиди дарсомӯзӣ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ айни ҳол 50 нафар омӯзгори ботаҷриба тариқи озмун ба кор ҷалб гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои барҳавои мактаб боздид ба амал оварда, таъкид намуд, ки таҳсили хонандагон дар чунин муассисаи бошукӯҳ бояд дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирад.
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор дорои тамоми шароити таълимӣ буда, бо навтарин таҷҳизот ва технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамчунин дар ин муассисаи таълимӣ толорҳои барҳавои фарҳангию варзишӣ, китобхонаи электронӣ, ошхонаю хобгоҳҳои замонавӣ муҳайё гардидааст.
Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи таълимӣ беҳтарин хонандагон тариқи озмун аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода барои таҳсил қабул карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо хонандагон онҳоро ба хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, дӯст доштани ватан ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Хонандагони мактаб низ дар навбати худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин муассисаи бошукӯҳи таълимӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Барои хонандагон ҳамчунин ду бинои хобгоҳ низ бунёд гардидааст. Сарвари давлат аз шароити хобгоҳҳои хонандагон аз наздик шинос шуд.
Ин муассисаи муосири таълимӣ аз рӯи шаҳомат пас аз боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Чкалов ва Бохтару Данғара ҳафтумин мактаби президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Пас аз шиносоии пурра бо шароити таълим ва хобгоҳҳои мактаби президентӣ дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳияи Ҳисор мулоқот карда, ифтитоҳи ин муассисаи таълимии замонавиро ба онҳо табрик намуд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки ба фаъолият оғоз кардани мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар арафаи ҷашни се ҳазорсолагии Ҳисор тӯҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба фарзандони сокинони ноҳия мебошад.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






