Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо гурӯҳи ҷиноятпеша дастгирӣ кард
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, 10 сентябри соли 2015 бо ташаббуси ҷониби Иттиҳоди Аврупо суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмидт баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат Ҳ.Шмидт ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи ҷинояткоронро, ки 4 сентябр сурат гирифта боиси ҳалокати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат гардид, маҳкум кард.
Ҳ.Шмидт ҳамдардии худро ба наздикони қурбоншудагон баён намуда, қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти гурӯҳи ҷинояткорон, ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад.
Ҳ.Шмидт таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо омодааст, ҳамкории зичро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм идома диҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






