Натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ
Душанбе, 22.09.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз аҳли ҷамоати пойтахт ва дигар мақомоти марбута тақозо намуд, ки нисбат ба дилхоҳ ашхоси барангезандаи андешаи нифоқу рахнаовари ҳамзистии осоишта ва субот, ки бар асари ҷоннисориҳо ба даст омадааст, бетарафӣ зоҳир накарда, ҳамкориро тақвият бахшанд. Ин матлабро раиси шаҳр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ зимни натиҷагирӣ ва таҳлил аз фаъолияти 45 гурӯҳи таблиғотӣ, ки аз охири моҳи август инҷониб бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт вохӯрӣ анҷом медиҳанд, зикр кард. Раиси шаҳр роҳбарону аъзои гурӯҳҳои таблиғотиро муваззаф намуд, ки барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон дар самти пешгирии таъсиррасонии фарҳанги ғайр ва дигар ақидаҳои иртиҷоӣ мулоқотро ба таври мақсаднок ба роҳ монанд. Зикр шуд, ки яке аз омилҳои гаравидани баъзе аз қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ надоштани донишҳои динию дунявӣ вабетарафии ҷомеаю волидайн аст. Таъкид гардид, ки бархе аз ҷавонон ба ваъдаҳои безаминаи мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи геополитикию ноамниҳо мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






