Президенти Тоҷикистон: Имрӯз илм ба манбаи бисёр арзишманд ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-«Агар мо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия аз зинаҳои поёнӣ, хусусан аз зинаи муассисаҳои томактабӣ ғамхорӣ зоҳир накунем, истифодаи васеи дастовардҳои техникӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро мақсаднок ба роҳ намонем, омода кардани насли ояндасоз ва пешрафти иқтисодии Ватани азизамонро таъмин карда наметавонем, зеро талаботи замон барои аз худ намудани донишҳои муосир торафт ҷиддӣ гардида, имрӯз илм ба манбаи бисёр арзишманд ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст”,-изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 119 дар ҷамоати деҳоти Раҳмонови шаҳри Турсунзода.
Дар баробари дастгирии давлату Ҳукумати кишвар ҳар як падару модар ва аҳли ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа аз сатҳи донишу малака ва маҳорати кадрҳо, ки ташаккули онҳо маҳз дар мактаби миёна шурӯъ мешавад, вобастагии калон дорад.
Ба таъкиди Сарвари давлат ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки мо фарзандони худро аз хурдсолӣ соҳиби донишу маърифат гардонем, то онҳо минбаъд касбу ҳунари ҷавобгӯи замони имрӯзаро аз худ намуда, дар шароити даврони пешрафт зиндагӣ ва фаъолият карда тавонанд ва дар рушди давлату ҷомеа ҳиссаи арзанда гузоранд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






