Зиҷинг дар Тоҷикистон 2 полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд мекунад
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони корпоратсияи коркарди тиллои Зиҷинг майнинг Чэн Ҷинхэ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» моҳи августи соли 2007 таъсис ёфта, то имрӯз ба муваффақиятҳои калони истеҳсолию технологӣ ноил гардидааст.
Ширкати «Зиҷинг Майнинг» аз соли 2007 то 1 январи соли 2015 дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» зиёда аз 277 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуда, аз ҷумла техникаю технологияи навтарини соҳаро ворид намудааст.
Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд ва уҳдадор шуданд, ки новобаста ба мушкилоти бӯҳронӣ корхона ояндаи наздик 2 адад полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони Тарор истихроҷи маъданро ба роҳ мемонанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо истифода аз технологияи муосир ва самаранок истифода бурдани канданиҳои фоиданок, соли равон дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» истеҳсоли маҳсулоти нав — хокаи мис ба роҳ монда шуд. Қаблан маҳсулоти мазкур дар омехтагӣ ба полоишгоҳ партофта мешуд. Оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ сохта мешавад.
Ҳамчунин ба итмом расонидани Асосноккунии иқтисодию техникии кони Ҷилав ва ба истифода додани коргоҳи нави заршӯи бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарӯз дар назар аст.
Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016 то ба 1,5 млрд. сомонӣ хоҳад расид ва аз ин ҳисоб 500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.
Ҳоло дар ин корхона 2260 корманд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва 52 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд.
Дар соли равон корхона истеҳсоли 2800 кг тилло ва 220 кг нуқраро ба нақша гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои соли 2014 — 131,6 фоиз зиёд аст.
Сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ корхонаи Зарафшон аз соли 2009 ба ин сӯй бо фоида фаъолият дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






