Кумаки ТУТ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон

Октябрь 15, 2015 10:36

Душанбе, 15.09.2015 (АМИТ «Ховар») .- Бюрои Минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Италия дар доираи ҳамкории худ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидади ноҳияҳои Вилояти Бадахшон маҷмӯи дорувориҳоро дастрас намуд. Ҳаҷми умумии маводи доруворӣ 892 килограммро ташкил намуда, барои 10 000  аҳолӣ, ки онро дар муддати се моҳ истифода бурда метавонанд, пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  моҳи августи соли 2015 иҷрокунанадаи вазифаи роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мелита Вуйнович аз минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Бадахшон  боздид ба амал овард. Зимни ин сафар Мелита Вуйнович якчанд вохӯриҳо бо намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ, беморхонаҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва аҳолии зарардида анҷом дод.
Сафари намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт идома дорад.

Октябрь 15, 2015 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд