МТБ аз дастовардҳояш дар Тоҷикистон гузориш медиҳад ва чолишҳояшро баррасӣ мекунад

Октябрь 2, 2015 03:26

Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Фаъолият ва дастовардҳои барномаҳои Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), чолишҳои рӯбарӯи он ва нақшаҳои ояндаи он  1-уми октябр  дар нишасти навбатии Кумитаи назоратии лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Кумитаи назоратии лоиҳаҳо бо ҳадафи кумак дар фаъолияти лоиҳаҳо, шаффофият дар кори амалигардонии онҳо ва замонати посухгӯ будани натоиҷашон ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст. Намояндаҳои ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО), МТБ  ва бахши хусусӣ узви кумитаи мазкур мебошанд.  Ҳамаи тарҳҳои МТБ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешаванд.
 Нишасти КНЛ-ро Саидраҳмон Назризода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  боз кард. Ҷаноби Назризода фаъолияти МТБ-ро дар Тоҷикистон пурсамар номида, нақши ин созмонро дар рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар, мусоидат дар вуруди Тоҷикистон ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар назди ин созмон ва болобарии огаҳии доираҳои тиҷоративу давлатии кишвар аз чолишҳову манфиатҳои ин узвият муҳим меномад. Ҷаноби Назризода гуфт: “Аллакай метавонем натиҷаҳоеро аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ мушоҳида намоем. Вуруд ба СТҶ ба рӯи мо дари имкониятҳои зиёдеро, сар карда аз дастрасии бидуни табъизи маҳсулоти мо ба кишварҳои дигари узви он боз намуд. Соҳибкорони мо аллакай ҳис мекунанд, ки онҳо аз ҳимояи муайяни ҳуқуқӣ бархӯрдоранд. Таваҷҷуҳ ба кишвари мо  ҳамчун ба як кишвари аз нигоҳи қонунҳо пешгӯишаванда бештар гардид ва ин гувоҳи мувофиқатии қонунгузориҳои мо ба талаботи СТҶ ва мусоидии иқлими сармоягузорӣ дар кишвари мо мебошад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба нақши СЕКО ва МТБ дар вуруди Тоҷикистон ба СТҶ ва иҷрои уҳдадориҳои мо дар марҳилаи пас аз узвият баҳои баланд медиҳад. Умедворам, мо ҳамроҳ ҳамкориро ба нафъи иқтисоди мо ва мардуми мо идома медиҳем”.
 Аз соли 2012 бад- ин сӯ МТБ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳо ва ба даст овардани ҳаққи узвият ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат кардааст. МТБ ҳамчунин ба бахши хусусии Тоҷикистон дар иштирок дар гуфтушунидҳо ва боло бурдани сатҳи огаҳияш аз манфиатҳову чолишҳои узвият дар СТҶ ёрӣ расонидааст. Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мегӯяд: “МТБ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои худ дар баланд бардоштани фаҳмиши умумии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба нозукиҳои узвияти кишвар дар СТҶ мусоидат кардааст. МТБ дар таҳияи «Стратегияи миллии бехатарии хӯрокворӣ», таъсиси Бунгоҳҳои миллии иттилоотӣ (БНИ) доир ба СФС ва ТБТ ва Кумитаи миллии соддагардонии расмиёти савдо ёрии фаннӣ расонидааст. Ҳамчунин тадқиқоте дар мавзӯи мушкилоти тоҷирони содироткунандаи тоҷик дар бозорҳои беруна гузаронида шуда, дар мувофиқ сохтани қонунгузориҳои Тоҷикистон ба талаботи СТҶ мусоидат шудааст”.

 

Октябрь 2, 2015 03:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад