Намоиши «Гўшаи экологӣ» дар муассисаи таҳсилоти умумии №24
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти умумии №24- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба муҳтаво ва зарурати қабули «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагон аз муассисаи мазкур, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Маркази ахбори экологӣ ва маркази захиравии Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2020» сухан гуфтанд.
Дар чорабинӣ «Гўшаи экологӣ», ки маҳсули тахайюли эҷодии хонандагони мактаби мазкур буд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар интиҳои семинар омўзгорону хонандагон андешаҳои худро дар бораи барномаи маҷмӯавии баррасишуда ва дигар масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи ҳифзи муҳити зист ва роҳҳои беҳтарсозии он баён доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






