Рўзи маърифату фарҳанг дар Муассисаи ислоҳии занонаи Тоҷикистон
Душанбе, 23.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Муассисаи ислоҳии занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Норак Рўзи маърифату фарҳанг гузаронида шуд. Мақсади асосии чорабинӣ аз шиносоии доираи васеи ҷомеа бо натиҷаҳои фаъолият оид ба ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва саҳмгузорони байналмилалӣ дар ҷараёни омодасозии занон ба озодӣ иборат буд. Омодасозӣ аз тариқи баландбардории сатҳи муаллимон ва устодони омўзиши касбӣ, рушди заминаи молӣ-техникӣ барои таълимоти касбӣ дар муассисаи ислоҳии занона ва ташкили омўзиши касбии занони маҳкумшуда ба ихтисосҳое, ки бозори меҳнат ба онҳо эҳтиёҷ дорад, ба роҳ монда шуда буд.
Дар доираи ин ҷамъомад озмунҳои гуногун, аз ҷумла озмуни плакатҳо зери шиори «Таҳсилот дар ҳаёти ман», нишон додани малакаи хатмкунандагони курсҳои касбӣ аз тариқи намоиши намунаи либосҳо ва ороиши рӯю мўй гузаронида шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли лоиҳа шаҳодатномаҳо супурда шуда, экскурсия барои тамошои синфхонаҳои таъмирёфтаву таҷҳизонидашуда ва нуқтаҳои истеҳсолии барқароршуда ташкил шуд.
Дар ҷамъомад намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилоти байналмилалию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» гузаронда шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мегардад.
Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






