Сафари кормандони КМТ ба Бадахшон
Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 21 то 28 октябри соли равон дар муддати ҳашт рўз ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба сафари хизматӣ рафтанд.
Зимни сафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз китобхонаҳои вилояти Бадахшон дидан намуда, барои пешрафти кор ва ҷалби хонандагон ба китобхонӣ дастурҳои методӣ медиҳанд. Ҳамзамон табаддулоти таҷрибаи пешқадамро ба роҳ монда, робитаи китобхонаҳои вилоятро бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.
Ин иқдом барои пешрафти китобхонаҳои кишвар иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ аст.
Бино ба иттилои сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров чунин иқдом чанде пеш дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуд. Зимни сафар кормандони Китобхонаи миллӣ дар вилояти Суғд барои бартараф намудани комбудиҳои ҷойдошта ва ҷалби хонандагон ба китобхонаҳои вилоят саҳм гузоштанд.
Дар назар аст, ки чунин иқдом дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ низ сурат гирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






