Саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми махсусан калон
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсияи пойтахт соҳибкоронеро дастгир карданд, ки аз супоридани андоз саркашӣ кардаанд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар рӯзи 1 октябри соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД як далели саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми махсусан калон муайян ва ошкор шуд.
Маълум гардид, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, сармуҳосиби ҶДММ «ДТТ» якҷоя бо директори коргоҳи мазкур, сокини 38-солаи пойтахт, дар дидбонгоҳи гумрукии шаҳри Душанбе, маҳсулоти вориднамудаи соҳибкоронро бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба номи ҷамъияти мазкур ба расмияти гумрукӣ даровардаанд.
Номбурдагон аз моҳи марти соли 2014 то августи соли 2015 дидаю дониста дар асноди муҳосибавӣ амалиёти андозбандишавандаро ба миқдори махсусан калон нишон надода, аз пардохти андоз ба маблағи 2 млн. 805 ҳазору 216 сомонӣ саркашӣ намудаанд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






