Шиносоии Президент бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов ва ифтитоҳи майдони футболи хурд

Октябрь 20, 2015 04:31

Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи рӯзи 20 октябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбон шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард.

Сарвари давлатро дар ин ҷо аъзоёни ҷамъият бо шеърҳо дар васфи роҳбари ғамхори миллат ва ятимпарвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсули дасти маъюбон шинос шуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод. Маъюбон ҳунари қолинбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ ва дигар маводу ашёи зарурии рӯзгорро ба маъраз гузоштанд. Президенти мамлакат изҳор дошт, ки ба ҳунар сарукор гирифтани маъюбон ин на танҳо касб, балки як намуди табобат аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои омӯзиши бозори истеъмолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти серталаб ҳидоят намуда, ба роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо барои кӯмак ба онҳо дар ин кор супориш дод.  

Бинои ташкилоти ҷамъиятӣ маъюбон аз ду ошёна иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. Дар марказ ошхона бо 50 ҷойи нишаст бо шароити мусоид мавҷуд аст.

Аъзои ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов беш аз 300 нафар буда, 20 каси онҳо  кӯдакони маъюби то синни 18 сола мебошанд.

Аз моҳи августи соли 2015 дар ҳудуди ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба роҳ монда шуд.

Барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва таъмири бинои ҷамъияти маъюбони шаҳр дар маҷмуъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо гуруҳи варзишгарони маъюб аксбардорӣ карда, бо онҳо дар майдони навбунёд якҷоя футболбозӣ намуд.

Ба намояндагони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ки чунин як майдони зебо бунёд кардаанд, изҳори сипос намуда, онҳоро барои минбаъд ҳам ҳамкорӣ кардан бо ҷамъияти маъюбон ҳидоят кард.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 100 нафар аъзои ҷамъият сару либоси зимистона тақдим намуд.

Сарвари давлат аз ҳамаи мардуми саховатпешаю савобҷӯ даъват намуд, ки  ба ятимону маъюбон расондани кумакҳои моддию маънавиро зиёд намоянд. Инчунин таъкид кард, ки беҳтарин кор ин хайру садақа кардан ба ниёзмандону ятимон мебошад ва манфиати чунин амалҳои савоб садҳо маротиба аз тую маъракаҳои серхароҷот, ки ҳадафи асосиашон зоҳирпарастӣ  мебошад, хубтар аст.

Зимни боздид аз ин марказ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти бошандагон шинос шуда, аз кормандон масъулияти ҷиддиро барои нигоҳубини маъюбон талаб кард.

Табақаи ниёзманд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад. Пешвои миллат ва роҳбари раъиятпарвар Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба онҳоро самти асосии сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст.

Бошандагони ин ҷо дар навбати худ ба роҳбари ғамхору мушфиқ Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи ҳамаҷониба изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарияти ҷамъият ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дод, ки барои бо ғамхорӣ фаро гирифтани маъюбон аз тамоми имкониятҳои муҳайёкардаи ҳукумати мамлакат истифода баранд.

Расондани кумакҳо барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва шароити дигари будубоши маъюбон минбаъд низ идома дода мешавад.

Октябрь 20, 2015 04:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид