Ҳамоиши «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон
Душанбе, 27.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи даври дуюми чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав ҳамоиши ҷавонон доир гардид.
Дар чорабинӣ, ки роҳбарияти ташкилоти ҷавонони ҳизб, коршиносони масоили сиёсӣ ва динию мазҳабӣ ширкат доштанд, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ дар самти кор бо ҷавонон, равандҳои ҷаҳони муосир, ихтилофоти динию мазҳаби сухан гуфта, ҷавононро ба ватандўстию ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли миллӣ ва огоҳ будан аз хатарҳои ҷаҳони муосир даъват намуданд.
Зимни ҳамоиш чорабинии дигари ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар шакли маҳфили сиёсӣ-мубоҳисавии «Ҷавонон зидди тероризму эктремизм» бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ дар вилояти Хатлон ҷараён дошт, ҷамъбаст гардида, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии арзишманд қадрдонӣ гардиданд.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки чунин чорабиниҳоро бо ҷавонони минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон низ дар рўзҳои наздик баргузор намуда, омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароии ҷавононро ба хотири дарёфти механизми минбаъдаи корбарӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






