Конибодом: Парафшон бод ливоят, Тоҷикистон!
Конибодом, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом низ ҷараён гирифтанд. Чорабиниҳои асосӣ ва ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки сокинони шаҳр дар назди «Майдони қаҳрамонон» доир гардиданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, вобаста ба тантанаҳои идона ҷавонону сокинон ва варзишгарони шаҳр дар кӯчаҳои марказии шаҳр дар даст Парчами давлатӣ гузашти идона доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ шурӯъ шуда, раиси шаҳр Ғ. Боҳирӣ ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳозиринро шодбош гуфта, Парчами давлатиро нишони давлати мустақилу ободи тоҷикон арзёбӣ намуд. Сипас Паёми табрикии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз савгандёдкунии 20 наваскар доир шуда, даъватшавандагони қисми низомии 04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди низомӣ ёд намуданд.
Чорабинии идона бо барномаи рангини консертии хонандагони мактаби санъат ва ҳунарнамоии варзишии варзишгарон анҷом ёфт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд






