Нишаст оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Нуробод

Ноябрь 13, 2015 04:37

Нуробод, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз, 12 ноябри соли 2015 дар асоси нақшаи  Шӯрои машваратии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ  ҳамчун воситаи муколамаи  озоди давлат бо  бахши хусусӣ  дар Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Нуробод мизи мудаввар баргузор гардид.  Дар нишаст котиби Шӯрои машваратӣ  оид ба беҳтар намудани   соҳибкорӣ  ва  фазои сармоягузорӣ дар водии Рашт Зафар Ҳисориев, намояндагон аз   ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Тавилдара, Нуробод    ва намояндагони  САҲА  дар  водии Рашт иштирок доштанд.
Ҳадафи мизи мудаввар  аз тақвият бахшидан ба кори шӯро, амалӣ намудани барномаи  Шӯрои машваратӣ  оид ба беҳтар намудани  соҳибкорӣ ва фаъолияти  сармоягузорӣ дар водии Рашт ва дар доираи  лоиҳаи  барномаи  рушди СММ  оид ба  » Баланд бардоштани  некуаҳволии  аҳолии деҳот дар нуҳ ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон » иборат буд.

Ноябрь 13, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад