Полки моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе ҷойгир карда мешавад
Душанбе, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Полки 149 — уми моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201 аз вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахти Тоҷикистон — пойгоҳи Лоҳур гузаронида мешавад. Баъди тағйири мавзеъ теъдоди полки Русия ва вазифаҳои он тағйир намеёбанд. Аз ҷумлаи се иншооти ҳарбии Русия дар минтақа ду иншоот — полки моторонидашудаи Қӯрғонтеппа ва маркази оптикию электронии «Окно» — и Қӯшунҳои кайҳонӣ боқӣ мемонанд.
Тавре ки дафтари матбуоти округи марказии ҳарбӣ хабар медиҳад, тағйири мавзеъ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда ва хусусияти нақшавӣ дорад. Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҳарбӣ ва афзун намудани неруи ҷангии полк мебошад. Шаҳрчаи ҳарбии Кӯлоб дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Пойгоҳи низомии 201 калонтарин ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия берун аз ҳудуди он ба шумор меравад. Тайи соли 2015 мушовирони Русия беш аз 1 ҳазор мутахассиси артиши Тоҷикистонро тарбия намуданд. Моҳи сентябр имкониятҳои ҳарбии пойгоҳ бо гурӯҳи чархболҳои Ми — 8 ва Ми — 24 мустақар дар фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар 30 километрии Душанбе афзун карда шуданд. Созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда ба полк имкон медиҳад, ки камаш то соли 2042 дар Тоҷикистон бошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






