Ҳукумати ҶТ ба маориф ҳамчун соҳаи калидӣ аҳамияти хосса медиҳад
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ аҳамияти хосса дода, маблағгузории ин бахши муҳимро сол аз сол афзоиш медиҳад. Барои муқоиса, агар дар соли 2000-ум барои соҳаи маориф 37 млн. 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2014 — 2 млрд. 516 млн. 965 ҳазор сомониро (нисбат ба ММД — 5,2% ва нисбат ба буҷет 18,1%) ташкил медиҳад. Маблағгузории соҳаи маорифи кишвар дар соли 2015 нисбат ба соли 2000-ум 78 маротиба афзиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда дар байни кишварҳои ҳамсоя хеле хуб ба шумор меравад. Имсол барои соҳаи маориф 2 млрд. 918 млн. 639 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2014-ум 401 млн. сомонӣ ё ин ки 15,9% зиёд мебошад. Маблағи мазкур 19,1% буҷети давлатиро ташкил дода, ба 5,5 дарсади маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.
Бо мақсади тақсими баробар ва одилонаи маблағҳои давлатӣ самаранок ва мақсаднок истифода бурдани онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шаклҳои нави идора ва маблағгузорӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид, ки яке аз онҳо маблағгузории сарикасӣ мебошад. Моҳияти маблағгузории сарикасӣ аз он иборат буд, ки давлат на муассиса, балки хонандаро маблағгузорӣ мекунад. Вобаста ба маблағузории сарикасӣ мустақилияти молиявии мактабҳо бештар гардид ва иштироки ҷомеа дар идораи мактаб таъмин шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






