Ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск: Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллати тоҷик аст
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия бо иштироки намояндагони ҷамъиятҳои «Сомон», «Дидор», «Иттифоқи тоҷикони Русия» ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ҷамъиятҳои тоҷики шаҳри Екатеринбург бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» баргузор гардид. Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои тоҷики шаҳри Екатеринбург Фаррух Мирзоев гуфт, ки қонуни мазкур, ки бо ташаббуси як гурўҳ вакилони мардумӣ ва дархости кулли шаҳрвандони мамлакат пешниҳод ва қабул гардид, эҳтиёҷи миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои тақдирсоз масъулияти бузургро ба дӯш гирифта, Тоҷикистон ва мардуми онро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод ва месазад, ки ӯро Пешвои миллат гӯем. Иштирокдорони ҷаласа бо гуфтаҳои Мирзоев Ф.М. якдилии худро изҳор намуданд. Онҳо зикр карданд, ки то қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешвои миллати тоҷик дар тамоми дунё меҳисобиданд ва бо ба тасвиб расидани ин қонун андешаву ормонҳои онҳо дар ин маврид қонунӣ гаштанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






