Дастгоҳи марказии ВКД ғолиби мусобиқаи футболи хурд гардид

Декабрь 28, 2015 16:49

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз  7-ум то 27-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба гиромидошти хотираи футболбози машҳур Александр Кирсанов мусобиқаи анъанавии зимистона аз рӯи футболи хурд баргузор гардид, ки дар он 32 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Бозиҳо аз рӯи се дараҷа: футболбозони касбӣ, дӯстдорон ва собиқадорон сурат гирифтанд.
Хурсандиовар аст, ки дастаи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи мазкур миёни собиқадорон ҷойи аввалро ишғол намуд.
Дар ин гурӯҳ барои ишғоли медали биринҷӣ дастаҳои собиқадорони «Авиатор» ва «Ирригатор» бозӣ намуданд. Дар бозӣ қувваҳои ҳар ду даста ҳам баробар буданд, вале дастаи «Авиатор» тавонист бо ҳисоби 5:4 дастаи «Ирригатор»-ро мағлуб созад ва соҳиби ҷойи сеюм гардад. Дар қисми ниҳоӣ дастаҳои собиқадорони дастгоҳи марказии ВКД бо Академияи «Истиқлол» байни худ рақобат намуданд. Дар қисми асосӣ бозӣ бе тӯбзанӣ анҷом ёфт, аз ин рӯ нишонзании ҷаримавӣ таъйин шуд. Ҳамин тариқ, дастаи дастгоҳи марказии ВКД бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, барандаи мусобиқа дар ин гурӯҳ эълон гардид. Дар ин гурӯҳ, Академияи Истиқлол ҷойи дуввум ва дастаи Фурудгоҳи байналмиллалӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи миёни дӯстдорони футбол, дастаи «Динамо»-и ВКД ҳунарнамоии хуб нишон дод. Баъди мағлуб гаштан аз даври нимниҳоӣ, дастаи «Динамо» бо дастаи ГМФИ (ЦПКиО) бозӣ намуд. Қисми асосии бозӣ бо ҳисоби 4:4 мусовӣ анҷом ёфт, вале дар қисми нишонзании ҷаримавӣ динамочиён ду тӯби беҷавоб зада, соҳиби ҷойи сеюми мусобиқа гардиданд. Дар гурӯҳи мусобиқа ҷойи аввалро дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҷойи дуввумро дастаи «Рӯдакӣ» ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи бозингарони касбӣ низ бозиҳо хеле шавқовар гузаштанд. Дар ин бозиҳо дастаи «Газпром» ҷойи аввал, дастаи «Бонки марказӣ» ҷойи дуюмро ишғол намуда, дастаи «Вавилон» соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Баъди ҷамъбаст гардидани мусобиқаи футболи хурд, ки аз рӯи ҳисоб 24-умини мусобиқаи гиромидошти хотираи Александр Кирсанов ҳисоб меёбад, аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо Ҷом, медалу диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Далер Акназаров аз дастаи «Динамо»-и ВКД дар байни дӯсторон, Сафархон Раҳимов бозингари Дастгоҳи марказии ВКД миёни собиқадорон бозингари беҳтарин ва нишонзани беҳтарин миёни собиқадорон Баҳрулло Давлатов (Дастгоҳи марказии ВКД) эълон гардиданд. Иштирокчии фаъоли мусобиқа мураббии дастаи «Динамо» Тоҷиддин Мираков дониста шуда, туҳфа барои тӯби беҳтарини дар мусобиқа задашударо Азимҷон Раҷабмадов аз дастаи «Динамо»-и ВКД соҳиб гашт.

Декабрь 28, 2015 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад