Хариду фурӯши маҳсулоти тарфгарӣ ва истифодаи онҳо зери назорати қатъист
Душанбе, 22.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Роҳбарияти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар асоси супориши Вазорати корҳои дохилии кишвар барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои хариду фурӯши маҳсулоти тарфгарӣ ва пиротехникӣ дар бозору мағозаҳо ва нуқтаҳои савдо, инчунин истифодаи онҳо аз тарафи ноболиғону наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида, раванди татбиқи амалии онро зери назорати қатъӣ қарор додаанд.
Ҳарчанд ки оид ба манъи воридоти ин гуна мавод дар қаламрави ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдор қабул шудаанд, мутаассифона, аз тарафи ашхоси манфиатҷӯ ҳамасола дар арафаи соли нав бо ҳар роҳу восита маводи пиротехникӣ ба нуқтаҳои савдо ворид шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд.
Истифодаи чунин мавод аз тарафи кӯдакону наврасон на танҳо оромии ҷомеаро халалдор менамояд, балки боиси ҳодисаҳои сӯхтор мегардад. Далелҳое ҳам ҳастанд, ки дар натиҷаи истифодаи чунин мавод кӯдакону наврасон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, ҳатто маъюби якумра низ гардидаанд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа бо супориши сардори СХДО ВКД ҶТ Нозимҷон Иброҳимзода мутахассисони сарраёсат ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия ва дигар ниҳодҳои дахлдор корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои ташвиқоту таблиғотиро дар байни тоҷирону савдогарон ва ноболиғону наврасон вусъат бахшида, бо шаҳрвандон дар маҳали зисташон мулоқоти судманд анҷом дода истодаанд.
Ҳамчунин коршиносони ХДО дар муассисаҳои томактабию таълимӣ бо омӯзгорону хонандагон вохӯриҳои муфид доир намуда, ба хурдсолону мактаббачагон аз оқибатҳои нохушу фоҷиабори истифодаи маҳсулоти тарфгариву пиротехникӣ мисолҳо оварда, ҷамъомадагонро барои аз тарафи қонунгузории ҷумҳурӣ қатъиян манъ карда шудани хариду фурӯш ва истифодаи чунин мавод, инчунин ҷавобгарии ҷиноӣ доштани он бори дигар ҳушдор дода истодаанд. Корҳо дар ин самт аз тарафи кормандони СХДО ва ҷузъу томҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ идома доранд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






