Киштиҳои зериобии Туркия дар соҳилҳои Сурия киштии «Москва» — ро таҳти назорат қарор додаанд
Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои васоити ахбори оммаи Истамбул, камаш ду киштии зериобии Қувваҳои ҳарбии баҳрии Туркия дар маҳалли мавқеъияти киштии мушакдори «Москва», ки пойгоҳи ҳавопаймоии «Ҳмеймим» — ро дар шаҳри Латакияи Сурия ҳимоят мекунад, қарор доранд, хабар медиҳад Интерфакс.
Мувофиқи маълумоти Ситоди генералии Туркия, дар ҳоли ҳозир киштиҳои зериобии «Долонай» ва «Буракреис» қисми шарқии баҳри Миёназаминро посбонӣ мекунанд.
Баъди ба ҳавопаймои бомбаандози Су — 24 Русия ҳамла овардани ҳавопаймои қиркунандаи F-16 Туркия киштии «Москва», ки аз охири моҳи сентябр дар қисми шарқии баҳри Миёназамин қарор дошт, ба соҳили Сурия наздик бурда шуд.
Мувофиқи хабари Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ФР, киштии мушакдори «Москва», ки бо системаи «Форт» — и мушабеҳи С — 300 муҷаҳҳаз аст, 25 ноябр дар қисми соҳилии музофоти Латакияи Сурия мавқеъ гирифта, барои таъмини бехатарии пойгоҳи ҳавопаймоии «Ҳмеймим» ба навбатдорӣ шурӯъ кард. Ғайр аз ин, баъди рух додани ҳодиса бо ҳавопаймои Су — 24 ҳамаи амалиёти авиатсияи зарбазанандаи Русия дар Сурия бо ҳимояи ҳавопаймоҳои қиркунанда сурат мегирад. Мувофиқи хабари Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ФР, дар пойгоҳи ҳавопаймоии «Ҳмеймим» низ мушаки С- 400 насб шудааст, ки бехатарии Қувваҳои ҳавоии кайҳонии Русияро таъмин менамояд.
«Огоҳ мекунем, ки ҳамаи нишонҳои бароямон хатарнок нест карда мешаванд», — изҳор дошт сардори Сарраёсати оперативии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ФР генерал — лейтенант Сергей Рудской.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






